Синнер бар Шелтон дар мусобиқаи ATP-500 дар Вена зафар ёфт

Ракеткаи чаҳоруми ҷаҳон, теннисбози 22-солаи итолиёвӣ Янник Синнер мусобиқаи ATP-500 дар Венаи Австрияро бомуваффақият оғоз кард.
Дар бозии даври аввал Синнер бо ҳисоби 7:6 (7:2), 7:5 бар ракеткаи 15-уми ҷаҳон Бен Шелтони амрикоӣ зафар ёфт. Вохӯрии теннисбозон 1 соату 45 дақиқа рӯи корт давом кард.
Қобили зикр аст, ки чанд рӯз пеш, рӯзи 22-юми октябр Шелтон дар мусобиқаи АТР-500 дар Токиои Ҷопон ғолиб омада буд. Рақиби навбатии Синнер ҳамватани ӯ, ракеткаи 52-уми ҷаҳон Лоренсо Сонего хоҳад буд.