Синнер барои ҳифзи унвони қаҳрамонӣ талош дорад

Синнер барои ҳифзи унвони қаҳрамонӣ талош дорад

Ракеткаи якуми ҷаҳон, теннисбози итолиёвӣ Янник Синнер ба даври нимниҳоии мусобиқаи кушоди Австралия роҳ ёфт. Дар марҳилаи чаҳорякниҳоӣ Синнер бо ракеткаи 8-уми ҷаҳон Алекс де Минори австралиягӣ бозӣ кард.

Теннисбозон рӯи корт 1 соату 50 дақиқа бозӣ карданд. Вохӯрӣ бо ҳисоби 6:3, 6:2, 6:1 ба фоидаи Янник Синнер анҷом ёфт.

Ҳамакнун, дар даври нимниҳоии мусобиқаи кушоди Австралия Янник Синнер бо ракеткаи 20-уми ҷаҳон, теннисбози амрикоӣ Бен Шелтон бозӣ мекунад.

Ёдовар мешавем, ки мусобиқаи Australian Open — 2025 аз 12-ум то 26 –ум январ баргузор мешавад. Қаҳрамони феълии мусобиқа теннисбози итолиёвӣ Янник Синнер дар Мелбурн мебошад.