“Сипар” ғолиби Ҷоми Тавҳидбонк 2026 оид ба футзал
Дастаҳои “Сипар”-и Тоҷикистон ва “Ойл-Стар”-и Ӯзбекистон барои дарёфти Ҷоми Тавҳидбонк-2026 дар Қасри варзиши шаҳри Хуҷанд андари майдони рақобат шуданд. Вохӯрии дастаҳо бо ҳисоби бузурги 5 бар 1 ба фоидаи тими “Сипар” анҷом ёфт. Тими “Сипар” бо ин пирӯзӣ унвони қаҳрамониро соҳиб гардид.
Голҳои дастаи “Сипар”-ро Марко Антонио (дубл), Иқбол Воситзода, Карлос Андерсон ва Эркин Эҳромзода ба самар расониданд. Ягона голи “Ойл-Стар”-ро Жамшид Раҳматуллоев ба ҳадаф расонд. Беҳтарин бозигари мусобиқа аз ҳайати “Сипар” - Иқбол Воситзода эътироф гардид.
Қобили зикр аст, ки аз 31 май то 2 июн Ҷоми байналмилалии “Тавҳидбонк” оид ба футзал бо иштироки дастаҳои пурқуввати Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон дар шаҳри Хуҷанд баргузор шуд. Дар мусобиқа дастаҳои “Сипар”, “Лидер” ва “Ойл-Стар” ширкат варзиданд. Тими “Сипар” қаҳрамони мусобиқа шуд. Дастаи “Ойл-Стар” соҳиби медалҳои нуқра ва “Лидер” соҳиби нишонҳои биринҷӣ гардиданд.
Мавриди зикр аст, ки “Сипар” бо ҳисоби 7:3 “Лидер”-ро шикаст дода ба финал баромад. “Ойл-Стар” бо ҳисоби 7:4 бар “Лидер” ғолиб омада, роҳхати финали мусобиқаро соҳиб гардид.
Ҳамчунин, пас аз бозӣ фестивали футбол бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол баргузор мегардад, ки меҳмони махсуси он — афсонаи футзали ҷаҳон Рикардинйои португалӣ буд.
Чорабинӣ, ки бо ташаббуси бошгоҳи футзали “Сипар”-и шаҳри Хуҷанд баргузор шуд, ба иди ҳақиқии кӯдакону наврасон табдил ёфт.
Ҷашнвора бо бозии дӯстона миёни собиқадорони дастаи футзали “Сипар” ва иштирокчиёни мусобиқаи байналмилалӣ барои дарёфти Ҷоми “Тавҳидбонк” анҷом ёфт.