Сири Хосеп Гвардиола фош шуд

Сири Хосеп Гвардиола фош шуд

Пере Гвардиола, бародари Пеп мегуяд, ки сармураббии кунунии «Манчестер Сити» мехоҳад, дар тими мунтахаби Испания ба ҳайси сармураббӣ фаъолият кунад.

"Пеп орзу дорад, ки рӯзе мунтахаби Испанияро тамрин диҳад. Ҳамаи инро вақт нишон медиҳад, ки оё ӯ сармураббигии мунтахаби Испанияро ба уҳда мегирад ё не. Аммо ӯ ҳоло ин корро намехоҳад. Мунтахаби Бразилия? Мунтахаби Бразилия бо бразилиҳо зеб дорад. Фикр мекунам, ки дар ин кишвар коршиносони футбол хеле зиёд мебошанд", мегуяд бародари Пеп.