Ситоди мураббиёни “Истиқлол” барои мавсими нав тасдиқ шуд

Ситоди мураббиёни “Истиқлол” барои мавсими нав тасдиқ шуд

Виталий Григоревич Левченко сармураббии нави дастаи “Истиқлол” шуд. Роҳбарияти клуби футболи “Истиқлол”-и Душанбе ҳайати нави мураббиёни дастаро барои мавсими имсола расман тасдиқ намуд. Дар ин бора дафтари матбуотии бошгоҳи шаҳри Душанбе хабар дод.

Ба сармураббӣ Виталий Левченко мутахассис аз Украина Андрей Анненков (мураббии калон) ва мураббиёни ватанӣ Анвар Норқулов (мурабии тайёрии ҷисмонӣ) ва Фаррух Бердиев (мураббии дарвозабон), инчунин мураббии таҳлилгар аз Ӯзбекистон Дониёр Муродов кӯмак хоҳанд кард. Мутахассисони мазкур бо Левченко се мавсими охир дар тими “Нефтчӣ”-и Фарғона фаъолият карда, дастаро дар соли 2025 ба унвони чемпиони Ӯзбекистон расонида буданд.

Бо ҳамаи мураббиён шартномаи ҳамкорӣ то анҷоми мавсим ба имзо расонида шуд.