Ситораҳои асосии “Реал” бар муқобили "Аталанта" иштирок намекунад

Ситораҳои асосии “Реал” бар муқобили "Аталанта" иштирок намекунад

Бошгоҳи "Реал Мадрид" рӯйхати бозингаронеро эълон кард, ки ба бозӣ бар муқобили "Аталанта", дар доираи бозии аввали марҳилаи 1/8 финали Лигаи чемпионҳо хоҳанд рафт. Ҳамлагари "мадридиҳо" – Карим Бензема ба ҳайат дохил карда нашудааст. Фаронсавӣ вақтҳои охир аз сабаби ҷароҳат тамрин намекунад. Инчунин, Серхио Рамос, Эден Азар, Марсело, Дани Карвахал, Федерико Валверде, Родриго Гоес ва дигар бозингарони ҳайати асосӣ дар бозӣ иштирок намекунанд.

Бенземаи 33-сола дар ин мавсим дар тамоми мусобиқаҳо 28 бозӣ анҷом дода, 17 гол задааст. Ёдрас мекунем, ки бозии "Реал Мадрид" ва "Аталанта" рӯзи чоршанбе дар Бергамо баргузор мешавад.