Ситораҳои ҷудо дар "Masters"-и Давҳа боҳам меоянд

Ситораҳои ҷудо дар "Masters"-и Давҳа боҳам меоянд

Федератсияи ҷаҳонии ҷудо (IJF) мусобиқоти "Masters"-и Давҳаро, ки дар моҳи майи соли ҷорӣ бо сабаби ҳамагирии КОВИД-19 мавқуф гузошта буд, дар соли оянда (2021) аз 11 то 13-уми январ дар Қатар баргузор хоҳад кард. 36 ҷудокори бартари ҳар дастаи вазнҳо аз феҳристи ҷаҳонӣ барои ширкат дар мусобиқот даъват мешаванд.

Мариус Визер, Раиси Федератсияи ҷаҳонии ҷудо дар номаи худ гуфта, ки: "Агар дар замони рақобат вазъияти беҳдоштии ҷаҳонӣ ба таври ғайримунтазира вахим шавад, IJF ҳақ дорад, ки ин рӯйдодро низ ба таъхир андозад".