Ситораҳои ҷудои ҷаҳон ба Душанбе меоянд!
Бо талошу кӯшишҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустам Эмомалӣ ва Президенти Федератсияи ҷудои Тоҷикистон муҳтарам Исмоил Маҳмадзоир дар остонаи ҷашни бузурги миллӣ – 35 солагии Истиқлоли давлатӣ қалби Тоҷикистон - шаҳри Душанбе мизбони мусобиқаи бонуфузи World Judo Masters 2026 мешавад.
Имрӯз Федератсияи байналмилалии ҷудо эълон кард, ки мусобиқаи бонуфузи World Judo Masters-2026 аз 18 то 20 декабри соли 2026 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад.
Ин мусобиқа яке аз муҳимтарин чорабиниҳои тақвими ҷаҳонии ҷудо ба ҳисоб рафта, дар доираи мусобиқаҳои сайри ҷаҳонии ҷудо баргузор мешавад. Дар он беҳтарин ҷудокорони ҷаҳон иштирок намуда, танҳо бо даъват ба рақобат ҷалб мешаванд.
Дар мусобиқаи ситораҳои ҷудои ҷаҳон 36 ҷудокори беҳтарин аз ҳар вазн ширкат мекунанд ва маҳдудияти шумораи иштирокчиён аз як кишвар вуҷуд надорад. Ин маънои онро дорад, ки қавитарин паҳлавонони ҷаҳон мустақиман бо ҳам рақобат мекунанд.
Аз нигоҳи рейтинг, мусобиқа аҳамияти бузург дорад, зеро 1800 хол барои ҷойи аввал, 1260 хол барои ҷойи дуюм ва 900 хол барои ҷойи сеюм дода мешавад.
Ин нишондиҳандаҳо ба ҷойгиршавии ҷудокорон дар раддабандии ҷаҳонӣ таъсири ҷиддӣ мерасонанд. Ғайр аз ин, мусобиқа ҳамчун марҳилаи интихобӣ ба Бозиҳои олимпии Лос-Анҷелес 2028 низ аҳамияти калон дорад.
Интихоби Душанбе ҳамчун мизбон нишонаи рушди босуръати ҷудо дар Тоҷикистон арзёбӣ мешавад. Ин намуди варзиш дар Тоҷикистон солҳои охир бо дастгирии сохторҳои давлатӣ ва барномаҳои рушд босуръат пеш рафтааст.
Пас аз аввалин медали олимпӣ дар Бозиҳои олимпии Пекин 2008, ҷудои тоҷик дар Бозиҳои олимпии Париж 2024 ба ду медал ноил гардид, ки ин ба рушди инфрасохтор ва тайёрии варзишгарон такони ҷиддӣ бахшид.
Президенти IJF Мариус Визер таъкид кард – “Мусобиқаи World Judo Masters сатҳи баландтарини ҷудо аст, ки дар он танҳо беҳтаринҳо ширкат мекунанд. Интихоби Душанбе нишонаи рушди назарраси ҷудо дар Тоҷикистон ва талоши мо барои густариши ин варзиш дар ҷаҳон мебошад. Мо итминон дорем, ки ин мусобиқа на танҳо натиҷаҳои барҷастаи варзиширо пешкаш хоҳад кард, балки инчунин насли навро илҳом бахшида, арзишҳое, ки оилаи ҷаҳонии ҷудоро муттаҳид месозанд, боз ҳам таҳким мебахшад”.
Президенти Федератсияи ҷудои Тоҷикистон Исмоил Маҳмадзоир низ гуфт – “Барои Тоҷикистон ва ҷомеаи ҷудои мо шарафи бузург аст, ки мусобиқаи World Judo Masters-2026-ро дар шаҳри Душанбе мизбонӣ мекунем. Ин чорабинии бонуфуз пешрафте, ки мо дар солҳои охир ба даст овардаем ва нақши рӯзафзуни моро дар ҷудои байналмилалӣ инъикос мекунад.
Мо ӯҳдадорем, ки мусобиқаи сатҳи баланд баргузор намуда, беҳтарин варзишгарони ҷаҳонро истиқбол гирем ва рӯҳияву шавқи миллии худро нишон диҳем. Мо умедворем, ки наслҳои ояндаро илҳом бахшида, саҳми худро дар рушди оилаи ҷаҳонии ҷудо боз ҳам тақвият мебахшем”.
Солҳои охир Душанбе ба яке аз марказҳои муҳими ҷудои байналмилалӣ табдил ёфтааст. Аз соли 2023 инҷониб шаҳр пайваста мусобиқаҳои сатҳи ҷаҳонӣ баргузор мекунад. Мусобиқаи Dushanbe Grand Prix соли 2024 ба Grand Slam табдил ёфт. Ҳамчунин, баргузории Чемпионати ҷаҳон миёни наврасон дар соли 2024 мақоми Тоҷикистонро ҳамчун мизбони боэътимод тақвият дод.
Мизбонии World Judo Masters-2026 дар Душанбе боз як қадами муҳим дар роҳи рушди варзиши ҷудо дар Тоҷикистон ва минтақаи Осиёи Марказӣ ба ҳисоб меравад. Ин мусобиқа на танҳо рақобати сатҳи олӣ, балки муаррифии кишвар дар арсаи ҷаҳонӣ низ хоҳад буд.
Ёдовар мешавем, ки бори охири мусобиқаи байналмилалии устодони ҷудо соли 2023 дар шаҳри Будапешти Маҷористон баргузор шуда буд, ки дар ин мусобиқа паҳлавони тоҷик Беҳрӯз Хоҷазода дар вазни 73 кг медали нуқра ба даст оварда буд. Соли 2022 дар мусобиқаи Jerusalem Masters 2022 барои Тоҷикистон Темур Раҳимов дар вазни ба изофаи 100 кг медали нуқра гирифта буд, ки аввалин нишони ҷудокорони тоҷик дар мусобиқаҳои ситораҳои ҷудои ҷаҳон маҳсуб мешуд. Ҳамин тавр, дар таърихи ҷудои Тоҷикистон Темур Раҳимов ва Беҳрӯз Хоҷазода дар мусобиқаҳои ситораҳои ҷудои ҷаҳон соҳиби медал шудаанд.
Мавриди зикр аст, ки мусобиқаи байналмилалии устодони ҷудо аз рӯи раддабандӣ баъд аз Бозиҳои Олимпӣ ва Қаҳрамонии Ҷаҳон дар ҷои сеюм меистад.
