Ситораи асосии “ПСЖ” бар зидди “МС” бозӣ намекунад

Ситораи асосии “ПСЖ” бар зидди “МС” бозӣ намекунад

Форварди ҷавони бошгоҳи "Пари Сен-Жермен" Килиан Мбаппе рӯзи 2-юми май дар тамрини дастааш ширкат накард. Футболбози фаронсавӣ қаблан бар асари осеби бардоштааш дар бозии гузашта ба майдон набарома буд. Рӯзи 4-ум “ПСЖ” бозии дуввуми ниманиҳоии Лигаи чемпионҳоро бо “Манчестер Сити” анҷом медиҳад. Иштироки Мбаппе дар ин дидор зери суол аст. Нахустин вохӯрии даври ½ финал, ки дар Париж баргузор шуд, бо пирӯзии “шаҳриҳо” бо ҳисоби 2:1 хотима ёфта буд.