Ситораи "Барселона" бар муқобили тими Тоҷикистон бозӣ намекунад

Ситораи "Барселона" бар муқобили тими Тоҷикистон бозӣ намекунад

Тибқи хабаргузории сомонаи расмии Хадамоти матбуоти Федератсияи футболи Испания ситораи 16 солаи “Барселона” – Ансу Фати ба ҳайати тими наврасони Испания ба Мундиал-2019, ки аз 26-уми октябр то 17-уми ноябр дар кишвари Бразилия баргузор мешавад, даъват нагардидааст. Роҳбарони Федератсияи футболи Испания нақша доранд, ки Фатиро ба ҳайати ҷавонони то 21 сола даъват намоянд. Акнун Ансу Фати дар бозӣ бар муқобили “Реал”, ки санаи 26-уми октябр баргузор мешавад, бозӣ хоҳад кард. Ҳамин тавр Ансуи Фати ситораи навини “Барселона” дар Чемпионати ҷаҳон-2019 мунтахаби Испанияро бар муқобили Тоҷикистон ёрӣ дода наметавонад. Мунтахаби Тоҷикистон U-17 шомили гурӯҳи “Е” буда, бо яккачинҳои бузурги ҷаҳон – Испания, Аргентина ва Камерун рақобат мекунад.