Ситораи “Интер” дар бораи гузаштан ба “Барселона” андеша дорад

Ситораи “Интер” дар бораи гузаштан ба “Барселона” андеша дорад

Ҳимоятгари марказии дастаи “Интер”-и шаҳри Милан - Алессандро Бастони метавонад имкони гузаштан ба “Барселона”-ро баррасӣ кунад.

Дар моҳҳои охир ба гранди каталонӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ ба футболбози италиявӣ нисбат дода мешавад. Тавре рӯзноманигор Адриан Санчес хабар медиҳад, бозигари 26-сола мехоҳад пеш аз тамдиди шартнома бо “Интер” фаҳмад, ки нияти “Барселона” то чӣ андоза ҷиддӣ аст.

Шартномаи амалкунандаи Алессандро Бастони то миёнаҳои соли 2028 эътибор дорад. Роҳбарияти “нерадзурри”-ҳо мехоҳад бо ҳимоятгар қарордоди нав ба имзо расонад.

Қобили зикр аст, ки “Интер” аз Лигаи чемпионҳо хориҷ шуд ва дар марҳилаи плей-офф аз тими норвегии “Будё-Глимт” бо ҳисоби умумии 2:5 мағлуб гардид.