Ситораи UFC дар Бразилия бо Неймар мулоқот анҷом дод

Ситораи UFC дар Бразилия бо Неймар мулоқот анҷом дод

Қаҳрамони собиқи UFC дар вазни миёна ва нимвазнин Алекс Перейра дар як чорабинии хайриявӣ бо ҳамлагари бошгоҳи футболи “Сантос” Неймар мулоқот анҷом дод.

Перейра дорои омори касбии 13 пирӯзӣ, 11 нокаут ва чор бохт мебошад. Алекс аввалин рақобати касбии худро дар санъати муҳорибаҳои омехта соли 2015 анҷом дод. Поатан инчунин дар намуди ҷиу-ҷитсуи бразилӣ ва кикбоксинг камарбанди сиёҳ дорад.

Неймар соли 2025 ба тими зодгоҳияш “Сантос” баргашт; шартномаи ӯ бо тими бразилӣ то охири декабри соли ҷорӣ мӯҳлат дорад. Соли 2026 ҳамлагар 16 бозӣ анҷом дода, дар ҳисобаш ҳашт гол задааст. Ғайр аз бошгоҳи футболи “Сантос” Неймар инчунин бдар сафи “Барселона”, “ПСЖ” ва “Ал-Ҳилол” бозӣ кардааст.

Неймар инчунин беҳтарин голзани тими миллии Бразилия аст, ки дар 130 бозӣ дар сафи мунтахаб 80 гол ба самар расонидааст.