Сиёвуш Назаров – чеҳраи нав дар футболи наврасони Тоҷикистон

Сиёвуш Назаров – чеҳраи  нав дар футболи наврасони Тоҷикистон

Дар шаҳри Тошканд чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ — CAFA миёни мунтахабҳои то 17-сола идома дорад, ки дар он дастаҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Туркманистон, Қирғизистон ва Афғонистон иштирок доранд.

Мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) таҳти роҳбарии мураббӣ Ҷаъфар Ахмедов баромади худро дар мусобиқа хеле бомуваффақият оғоз намуд. Дастаи мо дар даври аввал мунтахаби Туркманистонро бо ҳисоби калони 5:1 шикаст дод. Дар бозии дуюм бошад, наврасони тоҷик бо ҳисоби 4:0 бар тими Қирғизистон ғалаба карданд.

Қаҳрамони асосии ин ду пирӯзӣ Сиёвуш Назаров гардид. Ӯ дар ҳарду вохӯрӣ дубл ба самар расонида, беҳтарин бозигари майдон дониста шуд. Назаров бо маҳорати баланд, суръати хуб ва зарбаҳои дақиқ тавонист таваҷҷуҳи мухлисону мутахассисонро ба худ ҷалб намояд.

Коршиносон бар ин назаранд, ки Сиёвуш Назаров метавонад дар оянда яке аз чеҳраҳои асосии футболи Тоҷикистон гардад, агар ҳамин сатҳи бозиро нигоҳ дорад. Намоиши ӯ дар мусобиқаи CAFA нишон медиҳад, ки насли нави футболбозони тоҷик дорои истеъдоди баланд мебошад.

Маврид ба зикр аст, ки Сиёвуш  соли гузашта дар ҳайати дастаи академияи ФФТ машқу тамрин мекард. Дар мавсими нав бошад, дар дастаи "Душанбе-83" дар Лигаи якум баромад мекунад. Ҳайати дастаи "Душанбе-83" дар Лигаи якум имсол танҳо аз бозингарони мунтахаби Тоҷикистон (U-17) иборат мебошад.

Ёдовар мешавем, ки дар даври навбатӣ, рӯзи 11 апрел мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо тими Афғонистон қувваозмоӣ мекунад. Дар даври охири мусобиқа тим наврасони мо бо ҳамсолони худ аз Ӯзбекистон рӯзи 13-уми апрел дидор анҷом медиҳанд.