Сиюй Ван аввалин ҷоизаашро дар мусобиқаҳои WTA ба даст овард
Теннисбози 22-солаи чинӣ, ракеткаи 88-уми ҷаҳон - Сиюй Ван унвони аввалини худро дар сатҳи WTA ба даст овард.
Ин дар мусобиқаи WTA-250 дар Гуанчжоуи Чин рух дод. Дар бозии даври ниҳоӣ Ван бар ракеткаи 27-уми ҷаҳон - Магда Линетт аз Лаҳистон пирӯз шуд. Вохӯрии теннисбозон рӯи корт 1 соату 19 дақиқа идома карда, бо ҳисоби 6:0, 6:2 ба фоидаи Ван анҷом ёфт.
Дар ҷараёни мусобиқот дар Чин – Ван бар Надия Подороскаи аргентинӣ, Диана Шнайдери рус, Виктория Грунчаковаи словакӣ ва Гретйе Миннен аз Белгия пирӯз шуд.
Ёдовар мешавем, ки теннисбози лаҳистонӣ Магда Линетт дар даври ниманиҳоӣ дар ду сет бар ракеткаи 81-уми ҷаҳон аз Қазоқистон - Юлия Путинтсева пирӯз шуда буд.