Славко Лукич тарки “Истиқлол” кард!

Славко Лукич тарки “Истиқлол” кард!

Мӯҳлати шартномаи ҳамкорӣ миёни клуби футболи «Истиқлол» ва муҳофизатгари Сербистони Славко Лукич ба поён расид. Дар ин бора дафтари матбуотии бошгоҳи шаҳри Душанбе хабар додааст.

Футболбоз дар аввали мавсими ҷорӣ шомил даста гардида буд ва то анҷоми марҳилаи аввали чемпионати мамлакат дар ҳайати тими пойтахт баромад намуд.

“КФ «Истиқлол» ба Славко Лукич барои бозиаш дар ҳайати даста самимона ташаккур гуфта, ба ӯ дар фаъолияти ояндаи футболиаш муваффақиятҳои калон орзу менамояд!” – навиштааст, “Истиқлол” дар шабакаҳои иҷтимоӣ.