Славко Винчич финали Ҷоми ҷаҳонии футболро ҳакамӣ мекунад

 Славко Винчич финали Ҷоми ҷаҳонии футболро ҳакамӣ мекунад

Федератсияи байналмилалии футбол (ФИФА) ҳайати доваронеро, ки бозии финалии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2026 байни мунтахабҳои Испания ва Аргентинаро идора мекунанд, расман эълон намуд.

Довари асосии ин вохӯрӣ Славко Винчич аз Словения таъин гардид. Барои довари 46 сола ин аввали бозии финалии Чемпионати ҷаҳон дар фаъолияти корӣ маҳсуб мешавад. Ба ӯ дар канори майдон ҳамватанонаш Томаж Кланчник ва Андраж Ковачич ҳамчун ёвар кӯмак хоҳанд кард.

Вазифаи довари чорум ба Адҳам Маҳадме аз Урдун вогузор шудааст. Муҳаммад Ал-Қалаф, инчунин аз Урдун, ҳамчун ёвари эҳтиётии довар фаъолият мекунад.

Славко Винчич дар ҷараёни Ҷоми ҷаҳонии имсола аллакай се бозиро доварӣ кардааст. Ӯ ду бозии марҳилаи гурӯҳиро миёни дастаҳои Бразилия – Марокаш (1:1) ва Урдун – Алҷазоир (1:2), инчунин бозии даври 1/16 ниҳоӣ байни Мексика ва Эквадор (2:0)-ро ҳакамӣ намудааст.

Довари словенӣ дар се бозии қаблии худ 1 корти сурх ва 7 корти зард нишон додааст.

Ёдовар мешавем, ки бозии финалии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2026 байни мунтахабҳои Испания ва Аргентина рӯзи 19 –уми июл дар варзишгоҳи «МетЛайф» дар шаҳри Ист-Ратерфорди Иёлоти Муттаҳидаи Амрико баргузор шуда, соати 23:50 ба вақти Душанбе оғоз меёбад.