Соҳибкоре дар Конибодом майдончаи варзишӣ сохт

Соҳибкоре дар Конибодом майдончаи варзишӣ сохт

Дар деҳаи Фирӯзобаи шаҳри Конибодом 12-уми сентябр бо иштироки раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода майдончаи варзишии замонавӣ бахшида ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди истифода қарор гирифт.

Қобили зикр аст, ки майдончаи варзишӣ бо ташаббус ва саҳмгузории соҳибкори маҳаллӣ бо арзиши 250 000 сомонӣ бунёд гардида, беҳтарин туҳфа барои сокинони деҳаи Фирӯзоба бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолият ба ҳисоб меравад.