Соҳибони роҳхатҳои олимпӣ дар Бишкек муайян мегарданд

Соҳибони роҳхатҳои олимпӣ дар Бишкек муайян мегарданд

Пас аз Чемпионати гӯштии Осиё, ки 11-16-уми апрел дар пойтахти Қирғизистон – шаҳри Бишкек доир мегардад, 19-21 апрел дар ҳамон ҷо мусобиқаи интихобии олимпӣ барои қораи Осиё баргузор мешавад.

Барои 36 роҳхати олимпӣ 209 варзишгари кишварҳои қора зӯр меозмоянд. Дар ин бора КМОТ хабар додааст.

Аз ҷумла, Федератсияи гӯштии Тоҷикистон 9 варзишгарро ба ин мусобиқа сафарбар менамояд: Айаал Белолюбский (-57 кг), Абдулмаҷид Кудиев (-65 кг), Магомет Евлоев (-74 кг) дар гӯштии тарзи озод; Ватансултон Шакаршоева (-50 кг) – гӯштии занон, Асламҷон Азизов (-60 кг), Фирӯз Мирзораҷабов (-67 кг), Суҳроб Абдулҳаев (-87 кг), Мирзоамин Сафаров (-97 кг), Эдуард Бабоношев (-130 кг) дар гӯштии юнонӣ-римӣ.

Дар намуди гӯштӣ паҳлавони маъруф Юсуф Абдусаломов соли 2008 дар Бозиҳои олимпии Пекин сазовори медали нуқра гаштааст.