Собиқ бозигари «Барселона» Луис Суарес аз дунё гузашт
Футболбози испанӣ Луис Суарес Мирамонтеси 88-сола аз дунё гузашт. Дар ин бора нашрияи AS хабар медиҳад.
Дорандаи «Тӯби тиллоӣ» (1960) ва собиқ мураббии тими миллии Испания имрӯз, 9-уми июл аз дунё гузашт.
Мирамонтес ду маротиба қаҳрамони Испания дар сафи «Барселона» (1959, 1960) ва се маротиба — қаҳрамони Италия бо «Интер» (1963, 1965, 1966) гардидааст. Соли 1964 ӯ ғолиби чемпионати Аврупо бо мунтахаби миллии Испания гардидааст. Баъди хатми маснади футболбозии хеш соли 1973 дар тими итолиявии «Сампдория» ӯ ба кори мураббигӣ пардохт. Дар сатҳи бошгоҳӣ ин испанӣ тимҳои «Интер», «Сампдория», «СПАЛ», «Комо», «Депортиво Ла-Коруня» ва «Албасете»-ро тамрин додааст. Аз соли 1980 то соли 1991 бошад Мирамонтес бо мунтахабҳои ҷавонон ва миллии Испания кор кардааст.