Собиқ бозигари “Барселона” мураббӣ мешавад

Собиқ бозигари “Барселона” мураббӣ мешавад

Собиқ ҳимоягари «Арсенал» ва «Барселона» Томас Вермален хатми маснади варзишӣ намуд ва вориди ситоди мураббиёни мунтахаби Белгия шуд.

Бозигари 36-сола, ки бошгоҳи ахираш «Виссел Кобе»-и ҷопонӣ буд, ҳамчунин вақти баромад дар сафи тимҳои «Аякс» ва «Рома» ба ҳамагон маъруф аст.

Дар ҳайати «Барселона» ин белгиявӣ чор маротиба ғолиби чемпионати Испания шуда, се бор – Ҷоми кишвар гирифтаасту дар соли 2015 ғолиби Лигаи чемпионҳо шуда буд.