Собиқ бозигари “Ливерпул” дар Гурҷистон идомаи маснади варзишӣ мекунад
Собиқ бозигари “Ливерпул” ва мунтахаби Фаронса Мамаду Сако ба Гурҷистон рафт ва аз ин пас дар сафи “Торпедо”-и Кутаиси баромад мекунад. Фаронсавии 34-сола ҳамчунин ба корҳои рушди академияи Торпедо ҷалб карда мешавад.
Сако – дастпарвари “ПСЖ” буда, дар сафи гранди парижиён то соли 2013 баромад кардааст ва сипас бар ивази 19 млн евро ба сафи “Ливерпул” гузариш намуда буд.
Мамаду ҳамчунин дар сафи “серангаҳо” солҳои 2010-2016 бозӣ кардааст. Охирин дастаи Сако бошад “Монпелйе” буд, ки онр ӯ моҳи ноябри соли 2023 баъди ҷанҷол бо сармураббӣ тарк карда буд.