Собиқ бозигари судшудаи «Манчестер Сити» бо тими фаронсавӣ шартнома баст

Дифоъгари фаронсавӣ Бенжамен Менди шартномаи дусола бо «Лорян» имзо кард, иттилоъ медиҳад хадамоти матбуотии бошгоҳ.
Фаронсавии 29-сола дар тими наваш таҳти рақами 5-ум баромад мекунад.
14-уми июл маълум гардид, ки собиқ бозигари «Манчестер Сити» вақти баррасии охирин парвандаҳо оиди таҷовуз ба номус бегуноҳ дониста шуд.
Шартномаи Менди бо «шаҳриҳо» бошад тобистони имсол ба анҷом расид ва ӯ бозигари озод гардид.