Собиқ бозигари тими миллии Руминия гуфт, ки чаро Роналду ба нафақа намеравад...

Ҳимоятгари собиқи «Райо Валйекано» ва тими миллии Руминия Илдефонс Лима дар бораи он, ки чаро ҳамлагари «Ал-Наср» Криштиану Роналду ба нафақа намеравад, ибрози назар кард.
"Ин ангезаи аслии ӯ аст. Гап дар сари он аст, ки ӯ мехоҳад бо писараш бозии расмӣ анҷом диҳад ва аз ин рӯ таслим намешавад”, иқтибос меорад, Relevo аз суханони Лима.
Криштиану Роналдуи хурдӣ ҳоло 14-сола аст ва ӯ дар тими “Ал-Наср”-и Арабистони Саудӣ дар сатҳи ҷавонон бозӣ мекунад.
Дар мавсими гузашта, Роналду дар 45 бозӣ ба майдон баромада, 44 гол ва 13 ирсоли головар анҷом додааст.