Ситораи футболи тоҷик аз мақоми сармураббигии «Арсенал» канор рафт

Ситораи футболи тоҷик аз мақоми сармураббигии «Арсенал» канор рафт

Игор Черевченко собиқ футболбози дастаи овозадори “Помир” ва яккачини Тоҷикистон, ки дар бошгоҳи футболи “Арсенал”-и Тулаи Россия ба ҳайси сармураббӣ адои вазифа мекард, аз мақомаш барканор карда шудааст, хабар медиҳад сомонаи расмии ин даста.

«Пас аз бохт дар бозии даври 25-уми Чемпионати Россия аз тими “Ахмат” (1:3) роҳбарияти даста ба хулосае омад, ки Игор Черевченкоро аз мақома барканор кунад», — гуфта шудааст дар сомонаи расмии ин бошгоҳ.

Сарчашмаҳои русӣ хабар медиҳанд, ки шояд рӯзҳои наздик сармураббигии дастаро Юрий Сёмин ба уҳда гирад.