Собиқ мураббиҳои “Реал Мадрид” дар дербии Лондон ба ҳам меоянд

Собиқ мураббиҳои “Реал Мадрид” дар дербии Лондон ба ҳам меоянд

Сармураббии “Челси” Хаби Алонсо ва сармураббии “Фулҳэм” Алваро Арбелоа мавсими аввали Премйер-лигаи худро бо бозӣ бо ҳамдигар оғоз мекунанд.

Дастаи “Фулҳэм” расман эълон кард, ки Алваро Арбелоа ба ҳайси сармураббии нави бошгоҳи шаҳри Лондон таъйин шудааст. Мутахассиси 43-солаи испанӣ бо бошгоҳи шаҳри Лондон шартнома ба имзо расонд, ки муҳлати он то тобистони соли 2029 амал мекунад.

Арбелоа фаъолияти мураббигии худро дар Премйер-лигаи Англия аз мавсими 2026/27 оғоз хоҳад кард. Дар даври аввали чемпионат “Фулҳэм” рӯзи 24 –уми август дар майдони “Крейвен Коттеҷ” бо тими дигари шаҳри Лондон - “Челси” рӯ ба рӯ мешавад, ки чанде пеш Хаби Алонсо роҳбарии онро ба уҳда гирифтааст. Ин бозӣ барои ҳар ду мураббии испанӣ нахустин таҷрибаи онҳо дар Премйер-лига ҳамчун сармураббӣ хоҳад буд.

Арбелоа мавсими гузашта баъди рафтани Хаби Алонсо вазифаи сармураббии дастаи асосии “Реал Мадрид”-ро ба зимма гирифта буд. Пеш аз ин ӯ дар сохтори бошгоҳи шоҳона фаъолият карда, дастаҳои ҷавонони “Реал” ва инчунин “Кастиля”-ро роҳнамоӣ мекард.

Роҳбарияти “Фулҳэм” умедвор аст, ки таҷриба ва донишҳои Арбелоа ба даста барои рақобати беҳтар дар Премйер-лига ва расидан ба натиҷаҳои назаррас дар мавсими нав мусоидат хоҳанд кард.

Ёдовар мешавем, ки мавсими гузашта, "Челси" дар ҷадвали Премйер-лига дар ҷои 10-ум ва "Фулҳэм" дар ҷои 11-ум қарор гирифт.