Собиқ ракеткаи рақами якуми ҷаҳонро 4 сол аз мусобиқаҳо дур карданд
Теннисбози руминиягӣ, собиқ рақами яки ҷаҳон, барандаи дукаратаи мусобиқаҳои “Тоскулоҳи бузург” - Симона Халеп ба далели нақзи қоидаҳои зиддидопингӣ то моҳи октябри соли 2026 аз ҳаққи ширкат дар мусобиқаҳо маҳрум шуд.
Дар охири соли 2022, Симона ҳангоми рақобат барои роҳ ёфтан ба мусобиқа US Open дар Амрико санҷиши мусбӣ гирифт ва маълум шуд, ки дар шиносномаи биологии ӯ номунтазам мавҷуд аст. Аз моҳи октябри соли 2022 теннисбозро ITIA муваққатан аз ширкат дар мусобиқаҳо маҳрум кардааст.
Халеп қаблан гуфта буд, ки ҳеҷ гоҳ дар бораи допинг фикр накардааст ва пас аз қиссаи Мария Шарапова дар ин бора ӯро танқид кард.
Мӯҳлати ҷазои теннисбоз 6-уми октябри соли 2026 ба охир мерасад. Тибқи маълумоти пешакӣ, рақами яки собиқи ҷаҳон ният дорад, ки аз болои ин қарори ноодилона шикоят кунад.