Соболенко дар 99 дақиқа Даря Касаткинаро мағлуб кард
Теннисбози белорус Арина Саболенко дар мусобиқаи силсилаи “Мастерс” дар Синсиннатии Амрико ба даври чаҳорякниҳоӣ баромад. Соболенко дар марҳилаи 1/8 –ниҳоӣ бар Даря Касаткинаи рус пирӯз шуд.
Вохӯрии теннисбозон рӯи корт 1 соату 39 дақиқа идома карда, бо ҳисоби 6:3, 6:3 ба фоидаи Соболенко анҷом ёфт. Ҳамакнун, дар марҳилаи чаҳорякниҳоии мусобиқа Соболенко намояндаи Тунис ва яке аз беҳтарин теннисбозони сайёра Онс Жабер бозӣ мекунад.
Ёдовар мешавем, ки мусобиқа дар Синсиннати аз 14 то 20-уми август идома мекунад. Маблағи умумии ҷоизаҳо дар сабқати яккасаи занон 2,7 миллион долларро ташкил медиҳад. Ғолиби феълии ин мусобиқа Каролин Гарсия мебошад, ки соли гузашта дар финал бар Петра Квитова пирӯз шуда буд.
