Софян Амрабат дар “МЮ” мавқеашро пайдо карда натавонист
Нимҳимоятгар Софян Амрабат, ки мавсими ҷориро дар “Манчестер Юнайтед” бо иҷора аз “Фиорентина” мегузаронад, Эрик тен Ҳагро ба мувофиқати касбии худ бовар кунонда натавонист ва ба эҳтимоли зиёд тарки даста мекунад.
Роҳбарияти даста ба ҷои Амрабат ба се бозигар таваҷҷӯҳ дорад, ки исми онҳоро портали FootballTransfers ошкор кардааст. Ин бозигарон Жоау Невеш аз дастаи “Бенфика”, Адриен Рабйо аз дастаи “Ювентус” ва Юсуф Фофана аз ҳайати “Монако” мебошанд.
Аз ҳар се вариант Невеш қиматтарин хоҳад буд, зеро тими Португалия ӯро 100 миллион евро арзёбӣ мекунад. Аммо Рабйоро метавон ба таври ройгон ба даст овард, зеро шартномаи ӯ бо “Ювентус” тобистони имсол ба охир мерасад ва мо қаблан хабар дода будем, ки гуфтушунидҳо оид ба созишномаи нав ба як марҳала расидаанд.