Сохтмони майдончаҳои варзишӣ дар ноҳияи Ҳамадонӣ

Сохтмони майдончаҳои варзишӣ дар ноҳияи Ҳамадонӣ

Ҳукумати мамлакат зери ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушду густариши варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ аҳамияти хоса зоҳир намуда, дар ин замина дар шаҳру навоҳии мамлакат ҷиҳати беҳзосии шароити машқу тамрин корҳои назаррас ба сомон мерасонанд. Бо ҳамин мақсад дар ноҳияи Мир Саид Алӣ Ҳамадонӣ сохтумони боз як майдончаи варзишӣ идома ёфта истодааст, ки бахшида ба ҷашни 32 солагии Истиқлоли Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад.

Варзиш, тарбияи ҷисмонӣ ва ба тарзи ҳаёти солим ҷалб шудани сокинон дар меҳвари сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, бо ташаббусҳои наҷиби Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давоми солҳои соҳибистиқлолии кишвар шумораи толору майдончаҳои варзишӣ рӯз аз рӯз дар гушаву канори мамлакат афзун гардида истодааст.

Дар ноҳияи ба номи Мир Саид Алӣ Ҳамадонӣ бо маблағгузории мақомоти иҷроияи Ҳокимияти давлатии ноҳия дар шафати варзишгоҳи марказӣ бунёди боз як майдончаи варзишӣ идома дорад, ки баъди ба итмом расидани сохтумон, иншоотии мазкур пурра ба ихтиёри Муассисаи давлатии мактаби варзишии ноҳия қарор дода мешавад. Сохтумони иншооти мазкур баҳори соли ҷорӣ оғоз гардида, алакай корҳои заминӣ, тахту ҳамвор намудани майдон ба итмом расида, деворбандии ин майдонча оғоз гардидааст. Масъулин мақсад доранд, ки иншооти мазкурро бо сифати баланд ба анҷом расонида, дар арафаи истиқбол аз 32-юмин солгради Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор диҳанд.

Ҳамзамон иттилоъ дода шуд, ки мувофиқ ба лоиҳа атрофи майдонча пурра чарағон карда шуда дар шафати иншоот, то таҷлили 35-умин солгарди Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон боз 3 майдончаи дигар сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешавад. Гуфтан ба маврид аст, ки айни замон дар иншооти мазкур ба воситаи симтурҳо деворбандӣ идома дошта, корҳои сохтумонӣ мувофиқ ба стандартҳои лозима анҷом ёфта истодааст. Масъулини Муассисаи давлатии мактаби варзишии ноҳия бовар доранд, ки бо сохта шудани ин майдонча шумораи гурӯҳҳои кӯдакона дар намуди футбол бозҳам афзун гардида, онҳо метавонанд дар тамоми фасли сол машқу тамрини ин риштаи варзишро ба роҳ монанд.

Тибқи иттилои масъулин бо назардошти зиёд будани аҳолӣ дар ҷамоату деҳоти ноҳияи Ҳамадонӣ бо ҷалби соҳибкорони маҳаллӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия давоми се соли охир чунин иншоот дар маркази ҷамоатҳои ноҳия бунёд гардида, мураббиёни ин риштаи варзиш ҳамарӯза ба тайёр намудани варзишгарон машғул мебошанд.

Иншооти мазкур бошад, баъди ба истифода дода шуданаш пурра ба ихтиёри мактаби варзишӣ вогузор карда мешваад, ки ин василаи хуби ҷалби насли наврас ба варзиш ва омода намудани футболбозони касбӣ арзёбӣ карда мешавад.