“Сомон” ба даври нимниҳоии Ҷоми ФФТ-2025 роҳ ёфт

“Сомон” ба даври нимниҳоии Ҷоми ФФТ-2025 роҳ ёфт

Дар доираи бозиҳои даври сеюми қисмати ниҳоии Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон-2025 дастаҳои “Регар-ТадАЗ” –и шаҳри Турсунзода ва “Сомон”-и ноҳияи Данғара ба ҳам омаданд. Вохӯрии дастаҳо дар майдончаҳои захиравии Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе доир шуда, бо ҳисоби бузурги 7 бар 0 ба фоидаи “Сомон” анҷом ёфт.

Тавре  қаблан иттилоъ  дода будем, бинобар сабаби сафари ҳайати асосии дастаи «Регар-ТадАЗ» ба ҷамъомади таълимӣ-тамринии Тошканд дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми ФФТ-2025 ҳайати ҷавонони бошгоҳ иштирок доранд.

Голҳоро аз ҳайати тими ноҳияи Данғара Мирзошариф Ҳасанов дар дақиқаҳои 7-ум, 54-ум, 62-юм, Далер Чолов дар дақиқаи 12-ум, Шоҳаҳтам Маҳмадисоев дар дақиқаи 67-ум, Сафарбек Қурбонов дар дақиқаи 74-ум ва Хайрулло Қодиров дар дақиқаи 80-ум ба самар расониданд.

Бо ин пирӯзӣ “Сомон” бо касби 6 имтиёз аз зинаи дуюми гурӯҳи “А” роҳашро ба даври нимниҳоии мусобиқа ҳамвор намуд. “Регар-ТадАЗ” бо 1 имтиёз аз идомаи рақобатҳо бенасиб монд.

Маврид ба зикр аст, ки дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми ФФТ-2025 ҳашт даста ба ду гурӯҳ тақсим мешаванд. Бар асоси натоиҷи марҳилаи гурӯҳӣ аз ҳар гурӯҳ ду дастаӣ ба даври баъдӣ роҳ меёбанд. Бозиҳо дар майдонҳои асосӣ ва эҳтиётии Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор мегарданд.

Қобили зикр аст, ки барандаи Ҷоми Федератсия бар иловаи ҷом 50 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ дарёфт хоҳад кард. Ғолиби медали нуқра бо 30 ҳазор сомонӣ ва барандаи медали биринҷӣ бо 20 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ мегарданд.

Ёдовар мешавем, ки соли гузашта дастаи “Равшан” дар финали Ҷоми ФФТ бар “Ҳосилот” бо ягона голи Бахтиёр Зарипов зафар ёфта, бори аввал дар таърих ғолиб шуда буд. “Ҳосилот” соҳиби нишонҳои нуқра ва КМВА барандаи нишонҳои биринҷии мусобиқа гардиданд. Бахтиёр Зарипов аз ҳайати “Равшан” беҳтарин бозигари вохӯрӣ дониста шуд.

ТВ "Варзиш"