Сомон мағлуб шуд ва рақобатро дар марҳилаи тасаллобахш идома медиҳад

Сомон мағлуб шуд ва рақобатро дар марҳилаи тасаллобахш идома медиҳад

Дар рӯзи чаҳоруми Бозиҳои тобистонаи олимпии Париж-2024 кишвари маҳбуби мо Тоҷикистонро паҳлавони умедбахш Сомон Маҳмадбеков аз риштаи ҷудо зери вазни то 81 кг муаррифӣ карда истодааст.

Паҳлавони умедбахши тоҷик Сомон Маҳмадбеков (-81 кг) дар даври аввали Бозиҳои олимпӣ озод буд ва дар даври дуюм бо имтиёзи иппон, бидуни мушкили муқобили Фарис Бадавии фаластинӣ пирӯзӣ ба даст оварда, роҳашро ба даври сеюм ҳамвор кард.

Маҳмадбеков дар марҳилаи ҳаштякниҳоӣ бо имтиёзи вазарӣ бар намояндаи Нидерланд Франк Де Вит ғалаба карда, дар даври чаҳорякниҳоӣ бо Тато Григалашвилии гурҷӣ гӯштин гирифт.

Сомон дар даври чаҳорякниҳоӣ муқобили қаҳрамони секаратаи ҷаҳон Тато Григалашвилии гурҷӣ то вақти тиллоӣ мубориза бурда, бо имтиёзи вазарӣ ноком шуд.

Ҳамакнун, дар даври тасаллобахш Сомон бо Шарофиддин Болтабоев аз Ӯзбекистон гӯштин мегирад. Шарофиддин Болтабоеви 28 сола қаҳрамони ду каратаи мусобиқаи “Тоскулоҳи бузург” мебошад. Дар ин нерӯсанҷӣ Сомон фурсати мубориза барои нишони биринҷиро пайдо мекунад.

Ба Сомон Маҳмадбеков дар ин нерӯсанҷӣ муваффақият таманно мекунем!