Сомон Маҳмадбеков аввалин медали Тоҷикистонро дар Бозиҳои Олимпии Париж-2024 ба даст овард

Паҳлавони номовари тоҷик Сомон Маҳмадбеков дар рӯзи чаҳоруми Бозиҳои олимпии Париж -2024 таърихофарӣ кард ва барои Тоҷикистон медали биринҷии ин мусобиқаи бонуфузи ҷаҳониро соҳиб шуд.
Сомон Маҳмадбеков зери вазни то 81 дар даври аввали Бозиҳои олимпӣ озод буд ва дар даври дуюм бо имтиёзи иппон, бидуни мушкили муқобили Фарис Бадавии фаластинӣ пирӯзӣ ба даст оварда, роҳашро ба даври сеюм ҳамвор кард.
Маҳмадбеков дар марҳилаи ҳаштякниҳоӣ бо имтиёзи вазарӣ бар намояндаи Нидерланд Франк Де Вит ғалаба карда, дар даври чаҳорякниҳоӣ бо Тато Григалашвилии гурҷӣ гӯштин гирифт.
Сомон дар даври чаҳорякниҳоӣ муқобили қаҳрамони секаратаи ҷаҳон Тато Григалашвилии гурҷӣ то вақти тиллоӣ мубориза бурда, бо имтиёзи вазарӣ ноком шуд.
Дар даври тасаллобахш Сомон бо Шарофиддин Болтабоев аз Ӯзбекистон гӯштин гирифта, бо ду имтиёзи вазарӣ пирӯзӣ ба даст овард. Паҳлавони тоҷик Сомон Маҳмадбеков дар рақобат барои нишони биринҷӣ бо як ҳунару маҳорати воло муқобили Антонио Эспоситои итолиёвӣ зафар ёфта, соҳиби нишони биринҷӣ гардид.
Ин аввалин медали Тоҷикистон дар Бозиҳои Олимпии Париж -2024 аст. Бо ба даст овардани нишони биринҷии Бозиҳои Олимпии Париж -2024 паҳлавони мо Сомон Маҳмадбеков бо гузаро шудани 16 сол аз риштаи ҷудо барои Тоҷикистон медали Олимпиадаро соҳиб шуд.
Қаблан, соли 2008 дар Бозиҳои Олимпии Пекин паҳлавони дигари тоҷик Расул Боқиев ба гирифтани нишони биринҷӣ ноил шуда буд.
Ғолибони вазни -81 кг
1.Таканори Нагасе (Ҷопон)
2.Тато Григалашвили (Гурҷистон)
3.Ли Ҷунҳван (Кореяи Ҷанубӣ)
3. Сомон Маҳмадбеков (Тоҷикистон)