Сомон Маҳмадбеков дар даври дуюми Asia-Oceania Senior Championships

Сомон Маҳмадбеков дар даври дуюми Asia-Oceania Senior Championships

Имрӯз, 7-уми апрел дар пойтахти Қирғизистон – шаҳри Бишкек мусобиқаи Чемпионати Осиё-Уқёнусия (Asia-Oceania Senior Championships) дар ҳоли баргузорист, ки дар рӯзи дуюми мусобиқаи зикршуда, се ҷудочӣ - Сомон Маҳмадбеков-73кг, Акмал Муродов ва Ҳақназар Назаров ҳарду -81кг намояндагӣ мекунанд. Нахустин шуда, варзишгари соҳибноми кишвар Сомон Маҳмадбеков-73кг рӯи татамӣ баромад. Дар даври аввал ӯ бо намояндаи Яман - Айяш Аҳмад рақобат намуда, ки дар ин нерусанҷӣ Сомон Маҳмадбеков- пирӯз шуда, ба даври дуюм роҳ ёфт. Ҳамин тавр Сомон дар даври мазкур бо ғолиби ҷуфти Муҳаммадӣ Муҳаммад (Эрон) – Ҷуманайзов Шатлик (Туркманистон) рақобат мекунад.