Сомон Маҳмадбеков: “Медаламро ба Пешвои миллат ва тамоми мардуми тоҷик мебахшам”

Тавре қаблан иттилоъ додем, дар рӯзи чоруми Бозиҳои тобистонаи олимпии Париж-2024 ҷудочии Тоҷикистон Сомон Маҳмадбеков дар вазни – 81 кг соҳиби медали биринҷӣ гардид.
Баъди ба даст овардани медал дар мусоҳиба бо шабакаи «Варзиш» Сомон Маҳмадбеков иброз дошт, ки медали биринҷии Бозиҳои тобистонаи олимпии Париж-2024-ро ба Пешвои миллат ва тамоми мардуми тоҷик мебахшад.
«Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ барои дастгирии мо, ҷавонон изҳори минатдорӣ менамоям, — иброз намуд ҷудочӣ. — Маҳз ин дастгириҳо буд, ки ман тавонистам дар олимпиада соҳиби медал гардам».
Сомон гуфт, ки ин орзуи кӯдакияш буд ва ниҳоят ба он расид.
Ёдовар мешавем, ки Сомон Маҳмадбеков дар даври аввал озод буда, дар марҳилаи дуюм бар Фарес Бадавии фаластинӣ ва дар рақобати баъдӣ бар Франк Де Вит аз Нидерланд пирӯз шуд.
Сомон дар даври чаҳорякниҳоӣ муқобили қаҳрамони секаратаи ҷаҳон Тато Григалашвилии гурҷӣ то вақти тиллоӣ мубориза бурда, бо имтиёзи вазарӣ ноком шуд.
Дар даври тасаллобахш Сомон бо Шарофиддин Болтабоев аз Ӯзбекистон гӯштин гирифта, бо ду имтиёзи вазарӣ пирӯзӣ ба даст овард. Паҳлавони тоҷик Сомон Маҳмадбеков дар рақобат барои нишони биринҷӣ бо як ҳунару маҳорати воло муқобили Антонио Эспоситои итолиёвӣ зафар ёфта, соҳиби нишони биринҷӣ гардид.
Ин аввалин медали Тоҷикистон дар Бозиҳои Олимпии Париж -2024 аст. Бо ба даст овардани нишони биринҷии Бозиҳои Олимпии Париж -2024 паҳлавони мо Сомон Маҳмадбеков бо гузаро шудани 16 сол аз риштаи ҷудо барои Тоҷикистон медали Олимпиадаро соҳиб шуд.