Сомон роҳашро ба даври ½ ниҳоии “Asia-Oceania Senior Championships” рӯшан кард

Сомон роҳашро ба даври ½ ниҳоии “Asia-Oceania Senior Championships” рӯшан кард

Дар пойтахти Қирғизистон – шаҳри Бишкек мусобиқаи Чемпионати Осиё-Уқёнусия (Asia-Oceania Senior Championships) дар ҳоли баргузорист, ки дар рӯзи дуюми мусобиқаи зикршуда, се ҷудочӣ - Сомон Маҳмадбеков-73кг, Акмал Муродов ва Ҳақназар Назаров ҳарду -81кг намояндагӣ мекунанд. Нахустин шуда, варзишгари соҳибноми кишвар Сомон Маҳмадбеков-73кг рӯи татамӣ баромад. Дар даври аввал ӯ бо намояндаи Яман - Айяш Аҳмад рақобат намуда, ки дар ин нерусанҷӣ Сомон Маҳмадбеков пирӯз шуда, ба даври дуюм роҳ ёфт. Дар марҳилаи мазкур Сомони қавипанҷа аз сари роҳаш Муҳаммадӣ Муҳаммад аз кишвари Эронро дур карда, ба марҳилаи ½ ниҳоӣ роҳ ёфт. Дар нимфинал Маҳмадбеков бо Жансай Смагулови қазоқ неру месанҷад. Умед дорем, ки дар ин вохӯрӣ ҷудочии кишвари мо пирӯз шуда, ба финал роҳ меёбад.