“Соро компания” ба финали Суперлигаи Тоҷикистон–2025 баромад

“Соро компания” ба финали Суперлигаи Тоҷикистон–2025 баромад

Дастаҳои «Соро компания» ва «Истиқлол» бозии дуюми худро дар марҳилаи нимниҳоии Суперлигаи Тоҷикистон–2025 оид ба футзал баргузор намуданд.

Ин дидор дар Маҷмааи варзишии Кумитаи андоз доир гардида, бо ҳисоби 3:2 ба фоидаи тими «Соро компания» анҷом ёфт.

Дар ин бозӣ аз ҳайати «Соро компания» Элан Делон, Муҳаммадҷон Раҷавоб ва Самандар Ризомов муаллифи гол шуданд. Аз ҷониби дастаи «Истиқлол» - Насратшо Исмоилов ва Амин Насруллозода ба задани гол муваффақ шуданд.

Бо ҳамин тартиб дар натиҷаи ду ғалаба бо ҳисобҳои 4 бар 1 ва 3 бар 2 тими «Соро компания» дар силсилаи нимниҳоӣ ду пирӯзӣ ба даст оварда, ба бозии ниҳоии Суперлигаи Тоҷикистон–2025 роҳхат гирифт.

Дар финал дастаи «Соро компания» барои унвони қаҳрамонӣ бо ғолиби ҷуфти дастаҳои «Сипар» - и шаҳри Хуҷанд ва «Амонатбонк»-и шаҳри Душанбе рақобат хоҳад кард.

Ёдовар мешавем, ки бошгоҳи «Соро компания» қаҳрамони феълии Суперлигаи Тоҷикистон мебошад.