“Соро компания” бар “Истиқлол” ғолиб омад

“Соро компания” бар “Истиқлол” ғолиб омад

Дастаҳои “Истиқлол” ва “Соро компания” бозии аввали худро дар марҳилаи нимниҳоии Суперлигаи Тоҷикистон–2025 баргузор намуданд. Ин дидор дар "Кохи Олимп"-и шаҳри Душанбе сурат гирифта, бо ҳисоби 4 бар 1 ба фоидаи тими “Соро компания” анҷом ёфт.

Дар ин бозӣ аз ҳайати дастаи ғолиб Дилшод Саломов дубл намуда, Елан Делон ва Самандар Ризомов голҳои дигарро ба самар расониданд. Голи ягонаи дастаи “Истиқлол”-ро Абдижалил Айдарбек Уулу марбути номи хеш намуд.

Бозии дуюми дастаҳо 21-уми декабр баргузор мегардад. Ёдовар мешавем, ки силсилабозиҳои марҳилаи нимниҳоӣ то ду пирӯзии яке аз дастаҳо идома меёбанд.

Ҷуфти дигари марҳилаи нимниҳоӣ муайян шуд, ки “Сипар” бо “Амонатбонк” бозӣ мекунад. “Амонатбонк” дар се бозии анҷомдода муқобили “Сомон” 2 ғалаба ба даст оварда, ба даври нимниҳоӣ роҳхат гирифт.