“Соро Компания” барандаи Суперҷоми Тоҷикистон оид ба футзал гаридид

“Соро Компания” барандаи Суперҷоми Тоҷикистон оид ба футзал гаридид

Дастаҳои “Соро Компания”-и шаҳри Душанбе ва “Сипар”-и шаҳри Хуҷанд барои ба даст овардани Суперҷоми Тоҷикистон оид ба футзал ба масофи ҳам омаданд. Вохӯрии дастаҳо дар шаҳри Душанбе доир гардида, бо натиҷаи 4 бар 2 ба фоидаи душанбегиҳо хотима ёфт.

Голҳоро дар ҳайати дастаҳо Идрис Ёров, Файзали Сардоров, Муҳсин Муҳаммадзода ду маротиба ва Абдусамад Раҳимов ду маротиба марбути номи хеш карданд.