“Соро компания” дар пойгаи қаҳрамонӣ бар “Истиқлол” зафар ёфт

Дар бозии марказии даври 13-уми Суперлигаи Тоҷикистон оид ба футзал дастаҳои “Соро компания” ва “Истиқлол” ба ҳам омаданд. Вохӯрии дастаҳо дар маҷмааи варзишии “Кохи Олимп”-и шаҳри Душанбе доир шуда, бо ҳисоби 0 бар 2 ба суди “Соро компания” анҷом ёфт.
Голҳоро аз ҳайати “Соро компания” ҳамлагари бразилӣ - Ҳуго Алвес Кардоза дар дақиқаи 12-ум ва дарвозабон Нуриддин Ҷабборов дар дақиқаи 40-ум ба дарвозаи “Истиқлол” заданд.
Беҳтарин бозингари вохурӣ дарвозабони тими “Соро компания” Нуриддин Ҷабборов эътироф гардид.
Бо ин пирӯзӣ бар рақиби асосӣ “Соро компания” дар пойгаи қаҳрамонӣ пешсафиро идома медиҳад. Ҳоло тими Пайрав Воҳидов бо 33 имтиёз пешгоми ҷадвали Суперлигаи Тоҷикистон оид ба футзал мебошад. “Истиқлол” бо 23 имтиёз дар зинаи сеюм аст.
Ёдовар мешавем, ки моҳи октябри соли 2024 дар маҷмааи варзишии Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ дар шаҳри Душанбе бозӣ барои дарёфти Суперҷоми Тоҷикистон оид ба футзал-2024 миёни бошгоҳҳои “Истиқлол” ва “Соро компания”-и пойтахт баргузор шуда буд.
Бозии ифтитоҳии мавсими нави футзал ҷолибу диданӣ ва бо ҳисоби 4:3 ба фоидаи “Истиқлол” анҷом ёфт. “Истиқлол” қаҳрамони феълии Суперлигаи Тоҷикистон аст. “Соро компания” барандаи се караттаи Суперҷоми Тоҷикистон дар солҳои 2021, 2022 ва 2023 мебошад. “Истиқлол” бори аввал Суперҷоми Тоҷикистон оиди футзалро соҳиб шуд.
ТВ "Варзиш"