“Соро компания” марҳилаи дуюми Суперлигаро бо пирӯзӣ оғоз кард

“Соро компания”  марҳилаи дуюми Суперлигаро бо пирӯзӣ оғоз кард

Дар даври 10-уми Суперлигаи Тоҷикистон оид ба футзал дар мавсими 2024/2025 бошгоҳи «Соро компания» бо тими «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд дидор анҷом дод. Дар ин рақобат шогирдони Пайрав Воҳидов бо ҳисоби калони 9 бар 2 пирӯз шуданд.

Дар бозии мазкур аз ҳайати дастаи «Соро компания» - Идрис Ёров ба задани чор гол муваффақ омад. Лозим ба ёдоварист, ки ин бозӣ барои Ёров дар мавсими ҷории Чемпионати мамлакат аввалин ба ҳисоб меравад. Ӯ дар марҳилаи аввал ҷароҳат дошт. Легионери бразилӣ - Кардоза Алвес Ҳуго бошад, муаллифи ду гол шуд. Файзалӣ Сардоров, Муҳаммад Раҷабов ва Фирӯз Сангов бошад, як голии дигарро вориди дарвозаи «Хуҷанд» намуданд.

Бо ҳамин тартиб бошгоҳи «Соро компания» ба дарёфти 24 хол садрнишини ҷадвали умумии Суперлигаи Тоҷикистон боқӣ монд.