Спенсер шартномаи 12 млн доллараашро қатъ мекунад

Спенсер шартномаи 12 млн доллараашро қатъ мекунад

Бозигари дастаи баскетболи “Бруклин Нетс” Спенсер Динвидди шартномаи худро тобистони имсол бо дастааш қатъ мекунад ва бозигари озод мегардад. Тибқи шартномаи амалкунанда, бозигар мебоист дар давоми соли охир 12,3 млн доллар гирад.

“Ман солимтар аз пеш хоҳам шуд, вақте бозигари озод гардам. 12 млн доллар барои бозигари навкор тибқи нархи бозор нест. Шояд ин нисфи он бошад. Барои ҳамин, ман шартномаамро вайрон карданӣ ҳастам”,-иқтибос меорад суханҳои Спенсерро Forbes.

Дар охири моҳи декабри соли гузашта дар бозӣ муқобили дастаи “Шарлотт Хорнетс” Спенсер осеб бардошт. Ҷароҳати бардоштааш дар аввал он қадар ҷиддӣ наменамуд, баъдан озмоишҳо нишон дод, ки осебаш хеле вазнин аст ва ӯ то охири мавсим наметавонад ба майдон барояд.