"ССКА"-и Москва "Реал"-ро ба зинаи дуюм фаровард

"ССКА"-и Москва "Реал"-ро ба зинаи дуюм фаровард

Дар шаҳри Москва тимҳои “ССКА”-и Москва ва “Реал Мадрид” дар доираи даври нуздаҳумуи чемпионати Евролига дар риштаи баскетбол бо ҳам нерӯ санҷиданд. Баскетболбозони испанӣ рақобатро хуб оғоз карда, дар чоряки аввал ба бартарии ҳашт имтиёз пешсаф буданд. Дар чоряки дуюм ҳам русҳо заиф бозӣ карданд. “Реал Мадрид” бо ҳисоби 33:26 ба танаффуси калон рафт. Аммо дар нимаи дуюм “ССКА” беҳтар амал карда, дар охири қисми сеюм ҳисобро баробар кард – 43:43. Дар чоряки ҳалкунанда дастаи Москва фаолтар буд ва дар натиҷа бо ҳисоби 60:55 ба “Реал Мадрид” пирӯз омад.

Пас аз ин бохт “Реал” мавқеи якуми ҷадвали Евролигаро аз даст дод ва ба зинаи дуюм фаромад. “ССКА” бошад, бо шумораи якхелаи имтиёзҳо бо “Барселона” зинаҳои 4-ум ва 5-умро байни ҳам тақсим мекунанд.