Ставангер 2024: Карлсен ва Сзюн - ғолибони мусобиқа гардиданд

Шоҳмотбози қавитарини ҷаҳон Магнус Карлсен дар мусобиқаи шоҳмоти Норвегия дар Ставангер аз рӯи армагедон бар Фабиано Каруана пирӯз шуда, бори шашум дар маснади варзишии хеш мақоми аввали ин мусобиқаро касб кард.
Хикару Накамура бошад дар ҷои дуюм боқӣ монда, дар даври пеш аз охирие ӯ дар армегедон аз қаҳрамони ҷаҳон Динг Лирен ва дар даври охир аз Прагнанандҳа Рамешбабу, ки дар ҷойи севум қарор дорад, шикаст хӯрд.
Қаҳрамони ҷаҳон миёни бонувон Сзюн Вэнсзюн бошад дар мусобиқаи шоҳмоти занонаи Норвегия мақоми аввалро касб кард ва мисли Карлсен 65 000 доллар ба даст овард. Ӯ ҳамватанаш Лей Тинсзеро дар намуди шоҳмоти классикӣ шикаст дод. Ҳамзамон Анна Музичук тариқи армагеддон бар Хампи Конеру галаба карда, ҷои дуюмро гирифт.