Стерлинг ҳарифи ояндаи Петр Ян

Стерлинг ҳарифи ояндаи Петр Ян

Қаҳрамони UFC сабук - Петр Яни рус мегӯяд, ки рақиби навбатиаш бояд намояндаи амрикоӣ - Алҷамейн Стерлинг гардад.

"Рақиби навбатиам аз кишвари Амрико - Алҷамейн Стерлинг аст. Ман мехоҳам, ки дар ин вохӯрӣ пирӯз шуда, парчами кишварамро боло бардорам", - мегӯяд Ян.

Ёдовар мешавем, ки 12-уми июл Петр Ян дар мусобиқаи UFC 251 пирӯз шуда, камарбандро ба даст оварда буд.