Суғд: Беш аз 100 000 нафар дар “Дави миллӣ” ва мусобиқаи велосипедронӣ ширкат варзиданд

Суғд: Беш аз 100 000 нафар дар “Дави миллӣ” ва мусобиқаи велосипедронӣ ширкат варзиданд

Имрӯз бахшида Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар маркази вилоят шаҳри Хуҷанд чорабиниҳои варзишии Дави миллӣ ва мусобиқаи велосипедронӣ дар назди Маҷмааи ҳавзҳои шиноварии “20 -солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ташкил ва баргузор гардид.


Чорабинии мазкурро муовини якуми Раиси вилояти Суғд Хол Ҳайдар ифтитоҳ бахшида, иштирокчиёни чорабиниро бо Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва баргузории Дави миллӣ муборакбод гуфта, баён дошт, ки бо мақсади амалӣ намудани сиёсати варзишпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти таҳкими тарзи ҳаёти солим, рушди оммавияти варзиш ва ҷалби ҷомеа ба таҳкими дўстӣ ва ваҳдати саросарӣ, имрўз сокинони шаҳру ноҳияҳои вилоят низ бо рўҳбаландӣ дар ин чорабинии умумиҷумҳуриявӣ иштирок менамоянд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди соҳаи варзиш як силсила тадбирҳо андешидааст. Дар ҳақиқат, Дави миллӣ ин яке аз омилҳои оммавӣ гардонидани варзиш ва тарғиби тарзи ҳаёти солим аст. Дар баробари ин маъракаи мазкур баҳри инкишофи варзишу тарбияи ҷисмонӣ ва таъмини ширкати ҷавонони мамлакат дар мусобиқаҳои минтақавию ҷаҳонӣ ҳамаҷониба мусоидат менамояд. Дар урфият мегўянд, рўҳи солим дар ҷисми солим аст. Агар мо дар асоси ин ҳикмат амал намоем ва варзишро ҳамчун омили беҳтарини тандурустӣ ва солимии аъзои ҷомеа шуморем, албатта ба ҳамдигарфаҳмӣ, дўстиву рафоқат, суботу устуворӣ ва сарсабзиву шукуфоии кишвари азизамон расида метавонем.

 


Ҳамзамон гуфта шуд, ки дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд наздик ба 3 ҳазор иншооти гуногуни варзишӣ фаъолият дошта, бо дастгириҳои роҳбарияти вилоят дар доираи корҳои ободонию созандагӣ ҳамасола даҳҳо иншооти нав, аз қабили майдончаҳои варзишӣ ва толорҳои машқу тамрин бунёду ба истифода дода мешавад ва сокинон аз он истифода мекунанд.

Чорабиниҳои варзишӣ аз назди Маҷмааи ҳавзҳои шиноварии "20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон" оғоз ёфта, дар назди майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбаст гардид.

Дар Дави миллӣ беш аз 25 000 нафар ва дар мусобиқаи велосипедронӣ беш аз 1500 нафар сокинон, ҷавонону варзишгарон ва дӯстдорони ин намуди варзиш иштирок доштанд.


Маросими ҷамъбастии чорабинии варзишӣ дар назди майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд сурат гирифта, ба ғолибону ҷоизадорон сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

Дар умум дар тамоми шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар Дави миллӣ 97 530 нафар аз он 36 775 нафар бонувон ва дар мусобиқаи велосипедронӣ бошад,  7400 нафар аз он 773 нафар бонувон фаъолона ширкат доштанд.