Суҳроб Сатторов бозии даври чорякниҳоии Ҷоми футзали Осиё-2026-ро ҳакамӣ мекунад
Довари 36-солаи ФИФА аз Тоҷикистон Сӯҳроб Сатторов, ки фаъолият дар Ҷоми футзали Осиё-2026 дар Индонезия барояш аввалин таҷриба дар чунин сатҳ мебошад, довари бозии даври чорякниҳоӣ таъйин шуд.
Довари Тоҷикистон рақобати байни дастаҳои Тайланд ва Ироқро, ки рӯзи 3 феврал баргузор мешавад, ҳакамӣ хоҳад кард.
Суҳроб Сатторов аллакай панҷ бозиро дар Ҷоми футзали Осиё-2026 дар Ҷакарта доварӣ кард. Ӯ довари марказӣ дар вохӯриҳои Қирғизистон – Индонезия (3:5) ва Кувайт – Лубнон (7:2), довари дуюм дар бозии Тайланд – Лубнон (2:0), довари сеюм дар бозии Эрон – Афғонистон (5:2) ва довари чорум дар бозии Афғонистон – Арабистони Саудӣ (3:0) буд.
Қобили зикр аст, ки ҳакамии бозиҳои сермасъулият дар ин мусобиқот ба Суҳроб Сатторов имкон медиҳад, ки таҷрибаи нодир андӯхта, мавқеи доварони Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам таҳким бахшад.