Суарес дар бораи бозгашти Неймар сухан гуфт

Суарес дар бораи бозгашти Неймар сухан гуфт

Форварди уругвайии бошгоҳи “Барселона” - Луис Суарес рафтани Неймарро ба “ПСЖ” ва бозгашти ӯро ба “Барселона” шарҳ дод, хабар медиҳад Mundo Deportivo. Тобистони соли 2019 намояндаҳои “Барселона” оиди гузариши Неймар бо роҳбарони “ПСЖ” мулоқот намуда буданд. Мулоқот ба нафъи парижиҳо анҷом ёфт ва Неймар дар Фаронса боқӣ монд.

«Рафтани Неймар аз “Барселона” ин як риски калон дар корномаи ӯ буд. Ҳамагон медонистанд, ки Неймар дар беҳтарин дастаи ҷаҳон бо беҳтарин футболбозон бозӣ мекард. Бозгашти ӯ ба “Барселона” аз худи ӯ ва “ПСЖ” вобастагӣ дорад. Ҳамчун дӯсташ ба Неймар гуфтанӣ ҳастам, ки бозгашти ӯро ҳама дар “Барселона” интизоранд. Умед дорам, ки бо омадани вай мо ба натиҷаҳои бузург ноил мешавем», иқтибос меорад маҷаллаи Mundo Deportivo аз суханҳои Суарес.