Суфиев дар Бозиҳои Осиёи мақоми 5-умро касб кард

Имрӯз дар рӯзи аввали 19-умин Бозиҳои Осиёи Ҳангжоу – 2022 ҷудокори тоҷик Меҳрзод Суфиев мақоми 5-умро касб кард.
Меҳрзод Суфиев зери вазни то 60 кг дар даври аввал бар Нгаванг Намгюел зафар ёфта, дар даври чаҳорякниҳоӣ аз намояндаи Муғулистон - Энхтайван бо 2 имтиёзи вазарӣ мағлуб шуда, ба даври тасаллобахш рафт.
Дар даври тасаллобахш Меҳрзод бар намояндаи Ҷопон - Кондо Ҳайато бо имтиёзи иппон ғалаба карда, имкони мубориза барои нишони биринҷиро пайдо кард.
Мутассифона, дар мубориза барои нишони биринҷӣ Меҳрзод Суфиев аз Магжан Шамшадини қазоқ бо имтиёзи вазарӣ ноком шуда, мақоми 5-умро соҳиб шуд.
Нишони тиллиӣ вазни то 60 кило насиби ҷудокор аз Тайпеи Чин – Янг Юн Вей гардид, ки дар финал намояндаи Кореяи Ҷанубиро бо як имтиёзи вазарӣ мағлуб кард.
Ёдовар мешавем, ки Бозиҳои Осиёии Ҳангжоу – 2022 аз 23-юми сентябр то 8-уми октябр баргузор мешавад. Дар ин мусобиқаи бонуфузи Осиёи 481 маҷмӯи медалҳо аз рӯи 40 намуди варзиш ба роҳ монда шудааст. 138 варзишгар аз Тоҷикистон аз 18 риштаи варзиш дар ин мусобиқа баромад мекунад.