Суханҳои тиллоии Эрнесто Валверде дар бораи Месси

Суханҳои тиллоии Эрнесто Валверде дар бораи Месси

Эрнесто Валверде, собиқ сармураббии бошгоҳи “Барселона” андешаи худро дар бораи сарвони дастаи “нилунориҳо” Лионел Месси баён дошт.

"Мессиро бо ҳеҷ бозигар муқоиса карда намешавад. Дар рафти тамрин ӯ корҳоеро мекунад, ки шумо ҳеҷ гоҳ надидаед. Дар қаноти чапӣ ҳамла, шумо аксар вақт фикр мекунед, ки кадом корро анҷом додан лозим то бозӣ беҳтар шавад, вале замони бозӣ Лео ҳама чизро дар майдон беҳтар мебинад. Ӯ ҳамакорро мекунад то дастаро ғолиб гардонад. Ҳатто тамриҳои ӯ таъсирбахш аст", - иқтибос овардааст аз суханони Валверде Marca.