Суперҷоми Италия-2021 насиби кӣ шуд?

Суперҷоми Италия-2021 насиби кӣ шуд?

Бозии Суперҷоми Италия-2021, ки дар он “Интер” (чемпиони Серияи А дар мавсими 2020-21) бо “Ювентус” (ғолиби Ҷоми Италия дар мавсими 2020-21) вохӯрд, ҷамъбаст шуд. Бозӣ дар шаҳри Милан дар варзишгоҳи “Ҷузеппе Меатса” баргузор шуда, бо пирӯзии бошгоҳи шаҳри Милан бо ҳисоби 2:1 хотима ёфт.


«Ювентус» дар дақиқаи 25-ум ҳисобро боз кард. Голро Уэстон Маккейни ба самар расонд. Пас аз 10 дақиқа Лаутаро Мартинес ҳисобро баробар намуд. Дар қисми дуюм дастаҳо гол зада натавонистанд ва бозӣ ба вақти изофӣ кашида шуд.

Дар дақиқаи 121-ум Алексис Санчес ба дарвозаи «Ювентус» голи ғалабаоварро зада, ба дастааш пирӯзиро тақдим кард.

"Интер" бори 6-ум дар таърих ин ҷоизаро ба даст овард.